Ранги беназири сафед ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд

    Олимони Донишгоҳи Пердюи ИМА сафедтарин рангро дар ҷаҳон офаридаанд, ки қодиранд қариб тамоми нури офтобро инъикос кунанд.

    Коршиносон гуфтанд, ки рангҳои оддии сафед метавонад ҳадди аксар 90% нури офтобро инъикос кунанд. Аммо моддаи нав, ки аз ҷониби муҳаққиқони Иёлоти Муттаҳида офарида шудааст, то 98% нури офтобро инъикос мекунад, менависад "RuNews24".

    Ин таъсир бо истифода аз сулфати барий ба даст омадааст. Он ба миқдори зиёд ба таркиби нави ранг илова карда шуд. Муаллифон ба формулаи ҷавҳари бадастомада патент гирифтаанд. Инчунин, ранг ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил карда шуд.

    Олимон пешниҳод кардаанд, ки дар оянда бо ёрии он хунук кардани бино имконпазир хоҳад шуд. Дар доираи таҷриба, онҳо ба боми бинои майдонаш 93 кв. метр. ранги навро молиданд. Тавре маълум шуд, самараи ранги сафедтарин дар ҷаҳон бо кондитсионери иқтидораш 10 кВт қиёс карда мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates