Тартиби қабули хатмкунандагони техникумҳо ба мактабҳои олӣ дар асоси суҳбат муқаррар карда шуд

    Таълим 14 Yanvar 2022 846

    Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 январи соли 2022 № 17 Низомнома дар бораи тартиби қабули хатмкунандагоне, ки техникумҳоро бомуваффақият хатм намудаанд, ба бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ дар асоси суҳбат тасдиқ гардид.

    Низомнома тартиби қабули хатмкунандагоне, ки техникумҳоро бомуваффақият хатм намудаанд, барои идомаи таҳсил дар курси 2-юми мактабҳои олӣ бо роҳи суҳбати инфиродӣ, бе имтиҳонҳои қабул аз рӯи ихтисоси бакалавриат муайян мекунад.

    Дохилшавӣ ба таълим дар асоси шартномаи пулакӣ-қарордодӣ сурат мегирад, маблағи пардохт аз рӯи маблағи хароҷоти вобаста ба таҳсилоти як донишҷӯ муайян карда мешавад.

    Ба тоифаи шахсоне, ки техникумро бомуваффақият хатм кардаанд, хатмкунандагоне дохил карда мешаванд, ки аз рӯи ҷамъбасти семестрҳои таълимӣ дар тамоми давраи таҳсил дар техникум баҳои «5» (аъло) ва «4» (хуб), вале на камтар аз 50% (барои мактабҳои олии тиббӣ - на камтар аз 85%) «5» (аъло) доранд.

    Мутобиқи Низомнома, аз соли таҳсили 2021/2022 тартиби қабули хатмкунандагон ба самти таҳсилоти бакалаврии муассисаҳои таҳсилоти олӣ бе имтиҳонҳои дохилшавӣ, тариқи суҳбат аз лаҳзаи хатми техникум дар давоми ду сол амал мекунад.

    Ҳар сол аз 5 то 25 июл хатмкунандагон дар сомонаи расмии Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус аз қайди онлайнӣ мегузаранд.

    Ҳуҷҷатҳои хатмкунандагоне, ки ба система бор карда шудаанд, ҳамасола то 5 август мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар бораи натиҷаи он тавассути кабинети шахсии довталабон хабар дода мешаванд.

    Раванди суҳбат таҳти назорати пурраи видео сурат мегирад ва ин раванд инчунин бо истифода аз садо дар утоқи интизории алоҳидае, ки барои волидон ва нозирон пешбинӣ шудааст, онлайн пахш мешавад.

    Суҳбат ҳар сол аз 10 то 25 август дар вақти муқарраркардаи донишгоҳ гузаронида мешавад.

    Мӯҳлати баргузории суҳбат дар вебсайти расмии донишгоҳ на дертар аз як ҳафта пеш аз оғози раванди суҳбат нашр мешавад.

    Намояндагони ҷомеа инчунин метавонанд ба раванди суҳбат ҳамчун нозири беғараз ҷалб карда шаванд.

    Барои хатмкунандагоне, ки дар вакти муқарраршуда ба суҳбат ҳозир намешаванд, дар худи ҳамон соли таҳсил аз нав суҳбат гузаронда намешавад.

    Довталабе, ки ба ҳисоби миёна 67 ва бештар аз он хол гирифтааст, аз суҳбат гузашта ҳисобида мешавад.

    Рӯйхати онҳое, ки аз суҳбат гузаштаанд, худи ҳамон рӯз ба довталабон хонда мешавад.

    Онҳое, ки ба сифати донишҷӯ тавсия шудаанд, дар давоми 10 рӯзи пас аз пардохти пули шартнома ба таҳсил қабул карда мешаванд.

    Низоми мазкур ба муассисаҳои таълими олии ҳарбӣ, олии ҳарбикунондашуда, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд, ташкилотҳои хориҷӣ ва ғайридавлатии таълими олӣ, ки дар Ӯзбекистон фаъолият доранд ва филиалҳои онҳо таалуқ надорад, хабар медиҳад канали ҳуқуқии Вазорати адлия.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates