«UTI Transit» ва «РЖД Логистика» корхонаи муштараки ӯзбекистонӣ- русиягӣ-ӯзбекистонӣ” таъсис доданд

    Нақлиёт 20 Yanvar 2022 1164

    Ширкати логистикии Ӯзбекистон ҶММ “UTI Transit” ва ҶС «РЖД Логистика» (Русия) корхонаи муштараки ҶММ «RZDL TRANSSERVICE GROUP» таъсис доданд, ки ҳадафи он афзоиши гардиши боркашонии роҳи оҳан байни Русия, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

    Корхонаи муштараки таъсисдодашуда дар қаламрави Ӯзбекистон ҷойгир шуда, муштариёнро ба хатсайрҳои зерин ҷалб мекунад: «Маскав – Тошканд – Москва»; транзит аз Чин ба Ӯзбекистон тавассути Қазоқистон; «Қазоқистон – Ӯзбекистон – Қазоқистон»; «Маскав – Тошкан д– Душанбе». Илова бар ин, ширкат дар рушди долонҳои нави нақлиётӣ аз Чин ба Афғонистон ва Покистон ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти «РЖД Логистика».

    Дар доираи корхонаи муштарак «РЖД Логистика» ҷамъоварӣ ва қабули молҳоро дар терминалҳои минтақаи Маскав, додани платформаҳои фитинг, контейнерҳои яхдонӣ, пардохти тарифҳо ва хидматрасониро дар роҳ тавассути қаламрави Русия ва Қазоқистон таъмин хоҳад кард.

    Дар ваколати ширкати "UTI Transit" таъмини хидматгузориҳоли ба ин монанд дар қаламрави Ӯзбекистон мебошад. Тавсеаи минбаъдаи хатсайрҳо ва хидматрасониҳо бо мувофиқаи тарафҳо сурат мегирад.

    Барои Федератсияи Русия Ўзбекистон – шарики муҳими тиҷоратии стратегии нишондиҳандаҳои иқтисодиаш мунтазам афзудаистода мебошад – бинобар ҷамъбасти нӯҳ моҳи соли 2021 МУД-и Ӯзбекистон 6,9 фоиз афзуд.

    Моҳи майи соли 2021 бо мақсади таҳкими муносибатҳои мавҷудаи соҳибкорӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муоҳидаи ҳусни тафоҳум байни ҶС «Маркази содиротии Русия», ҶС «РЖД Логистика» ва оператори агротерминадҳои Ӯзбекистон «Uzagrologistics Centers» ба имзо расида буд.. Аз ҷумла, ширкатҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамлу нақли молҳои кишоварзиро дар қаторҳои зудамали контейнерии нақлиёти содироту воридот анҷом диҳанд. ҶММ “Uzagroologistics Centers” бинобар масъалаҳои ҳамкорӣ, коркарди хатсайрҳои оптималӣ ва тарифҳои интиқол, вусъати муомилоти мол дар ду самт ба сифати шарик ширкати “UTI Transit”-ро пешбарӣ кардааст.

    Нахустин интиқоли озмоишии маҳсулоти ғизоӣ дар масири "Русия - Ӯзбекистон - Русия" дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2021 амалӣ шуда буд.

    Дар марҳилаи аввали фаъолияти худ ҶММ муштараки ӯзбекистониву русиягии «RZDL TRANSSERVICE GROUP» хидмати нақлиётиву экспедиториро ҳангоми кашондани молҳо бинобар хатсайри ”Маскав-Тошканд-Маскав” мунтазам ду рафту омад дар як моҳ бо ҳаҷми 40 контейнерҳои муқобили рефрижераторӣ дар ҳар як қатора, инчунин ташкили ҳамлу нақли содироту воридоти молҳои кишоварзӣ байни минтақаҳои Русия ва Ӯзбекистон тавассути нақлиёти автомобилӣ мерасонад.

    Ҳамин тариқ, дар соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ аз Русия ба Ӯзбекистон то панҷ мошини боркаши евро дар як ҳафта ва то ҳафт мошини боркаши евро дар як ҳафта ба самти муқобил дар назар аст.

    Дар нақшаҳои ояндаи корхонаи муштарак зиёд намудани базаи боркашонӣ ҳам аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳам дигар намудҳои бор дар ҳамлу нақли байни Федератсияи Россия, Чин, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ бо роҳи оҳан ва автомобилӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми ҳамлу нақли борҳои корхонаҳои ҳам тиҷорати калон ва ҳам хурду миёна ва таъмини рушди устувори хадамоти «Агроэкспресс» ташкил медиҳанд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates