Мувофиқи қарор, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи робитаи ҳавоӣ тасдиқ гардид.
Созишномаи мазкур 9 июни соли 2021 дар шаҳри Тошканд ба имзо расида буд.
Вазорати нақлиёт барои иҷрои Созишнома масъул аст.
Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор иҷрои ӯҳдадориҳои Ӯзбекистонро баъди эътибор пайдо кардани ин шартномаи байналмилалӣ таъмин менамоянд.