Ӯзбекистон - Афғонистон - Покистон: марҳилаи ниҳоии музокирот

    Нақлиёт 18 Iyul 2023 2217

    Айни замон ҳайати ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» якҷо бо маъмурияти роҳи оҳани Покистону Афғонистон марҳилаи ниҳоии музокирот оид ба хатти роҳи оҳани Трансафғонро анҷом дода истодаанд.

    Ин тарҳ, ки барои минтақа аҳамияти бузург дорад, як ҷузъи калидӣ дар таҳкими равобити иқтисодии Ӯзбекистон, Афғонистон ва Покистон ба шумор меравад.

    Хатти роҳи оҳани Трансафғон як лоиҳаи бузургмиқёсест, ки барои ҳамкориҳои нақлиётӣ ва рушди минтақа дурнамои нав мекушояд. Он тавассути қаламрави Афғонистон роҳи бевоситаи оҳани байни Ӯзбекистон ва Покистонро барқарор намуда, тиҷорат ва логистикаи самарабахштарро таъмин мекунад.

    Зимни гуфтушунидҳои давомдор ҳайатҳо ҷанбаҳои гуногуни лоиҳа, аз ҷумла механизмҳои маблағгузорӣ, сохтмон, ҷузъиёти техникӣ ва мӯҳлатҳои татбиқро баррасӣ мекунанд. Ҳар се ҷониб ба ҳамкории мутақобилан судманд таваҷҷуҳ ва омодагии зиёд зоҳир мекунанд. Онҳо саъю кӯшиш мекунанд, ки роҳҳои беҳтаринеро, ки барои бомуваффақият ба амал баровардани ин лоиҳаи муҳим имконият медиҳанд, пайдо кунанд. Ин лоиҳа инчунин ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии байни Ўзбекистон, Афғонистон ва Покистон мусоидат мекунад. Он барои ҳамкории зич, табодули таҷриба ва захираҳо, инчунин густариши доираи ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа роҳ мекушояд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates