Ўзбекистон – Фаронса: ба ҳамкории бевоситаи доираҳои корчаллон эътибор дода шуд

    Тиҷорат 5 Iyul 2022 1466

    4 июли соли ҷорӣ муовини Сарвазир - вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ҳайати Фаронсаро таҳти сарварии раиси Шӯрои корчаллонони Фаронса-Ўзбекистони ҷунбиши соҳибкорони фаронсавии "MEDEF International", раиси раёсати ширкати "Orano" Клод Имовен қабул кард.

    Дар ҳайати намояндагӣ инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бушез Орелия, роҳбарияти ширкатҳои фаронсавии "Orano Mining", "SUEZ", "Voltalia", "EDF", "MEDEF International" ва "Alstom" ҳузур доштанд.

    Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои фаронсавиро конструктивона баррасӣ карданд. Зимнан зикр гардид, ки феълан дар кишвар ҳудуди 50 ширкати фаронсавӣ, ки ба соҳаҳои иктишофи геологӣ, энергетика, инфрасохтор, сайёҳӣ ва кишоварзӣ тахассус доранд, фаъолият доранд.

    Раҳбарияти "MEDEF" Ӯзбекистон шарики фаъол ва боэътимоди иқтисодии Фаронса буда, омодагии худро барои ҷалби соҳибкорони бузурги фаронсавӣ ба татбиқи лоиҳаҳои нав дар кишвар изҳор дошт.

    Намояндагони доираҳои тиҷоратии Фаронса нақшаҳои кор дар Ӯзбекистонро эълон намуда, дар бораи ҳамкориҳои кунунӣ бо шарикони ӯзбек дар доираи таҳияи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар самтҳои махсус сухан ронданд.

    Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён, ки дар байни онҳо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ӯзбекистон низ буданд, тавонистанд рӯзномаи чорабиниҳоро оид ба пешбурди самтҳои баррасишудаи ҳамкорӣ таҳия намоянд.

    Ҷониби Ӯзбекистон омодагии худро барои дастгирии ҳар як соҳибкори фаронсавӣ, ки аз татбиқи лоиҳаҳо дар Ӯзбекистон манфиатдор аст, изҳор дошт.

    Дар натиҷаи мулоқот оид ба идомаи ҳамкориҳои амалӣ, ки ба дастгирии доираҳои соҳибкории ду кишвар дар роҳандозии шарикӣ ва ба даст овардани тавофуқҳои мушаххас нигаронида шудааст, ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates