Ўзбекистон – Олмон: дар чаҳорчӯби анҷумани тиҷоратии Ўзбекистон-Олмон масъалаҳои роҳи оҳан баррасӣ гардиданд

    Тиҷорат 2 Mart 2023 1807

    1 марти соли равон дар шаҳри Берлин форуми тиҷоратии Ӯзбекистону Олмон ба кори худ оғоз кард, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Палатаҳои савдо ва саноати Олмон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ ва Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ташкил шудааст.

    Ҳайати Ӯзбекистон таҳти сарварии Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Арипов дар доираи муносибатҳои бисёрҷонибаи Ӯзбекистону Олмон аллакай як қатор музокирот ва баррасиҳо анҷом дод.

    Дар кори форуми байналналмилалӣ намояндагони ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» низ иштирок доранд. Аз ҷумла, дар чаҳочӯби баррасии доираи васеи масъалаҳо бо директори ширкати байналмилалии муҳандисию консалтингии «DB Engineering & Consulting GmbH» Нико Варбаннофф гуфтушунид сурат гирифт.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба лоиҳаҳои муштарак ва амалӣ табодули афкор намуданд. Нақшаҳои дарозмуддати ҳамкорӣ низ баррасӣ шуданд. Ҷониби Олмон хоҳиши рушди ҳамкориро дар заминаи таҳсилоти дуалӣ дар заминаи коллеҷҳои касбии тобеи ҶС “Ӯзбекистон темир йӯллари” изҳор кард.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates