Ўзбекистон – Эрон: масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

    Сармояҳо 30 May 2023 2526

    29 майи соли равон мулоқот дар шакли видеоконфронс бо Палатаи савдои вилояти Кермани Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

    Дар он раиси Палатаи савдои Керман Сайид Маҳдӣ Табибзода, сафири Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Баҳодир Абдуллоев, раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Даврон Ваҳобов, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат доштанд.

    Дар ин дидор масоили тавлиди маҳсулоти фулузӣ, роҳандозии ҳамкориҳои саноатӣ ва иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузории ояндадор миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

    Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки кооператсияи мутақобилаи саноатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти металлӣ роҳандозӣ карда, ҳамкориҳо байни корхонаҳои саноати металлургии ду кишвар фаъол карда ва ҳамчунин имкони татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мутақобилан судманд омӯхта шаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Палатаи савдо ва саноат.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates