Ӯзбекистон — Қазоқистон: созишномаҳо оид ба зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли бор ба даст омаданд

    Нақлиёт 20 Mart 2023 1115

    Ба қарибӣ дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон гуфтушуниди байни ҶС «Ӯзбекистон темир йуллари» ва ҶС «НК «Қазақстан темір жолы» оид ба баланд бардоштани иқтидори интиқоли ПҶВБД «Сарыагаш» бо такмили равандҳои технологӣ дар стансияҳои «Оқ куприк» (Ӯзбекистон) ва «Сарыагаш» (Қазоқистон) баргузор гардид.

    Дар ҷаласа гуфта шуд, ки дар соли 2022 ҳаҷми интиқоли бор тавассути Пунктҳои ҷойи васли байнидавлатӣ дар як сол 32 миллион тонна ё ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 22 ҷуфт қаторҳои боркашро ташкил медиҳад.

    Барои ноил шудан ва зиёд гардондани ҳаҷми пешгӯишаванда, ҶС «Ўзбекистон темир йўллари» дар бораи анҷоми корҳо дар моҳи август соли ҷорӣ оид ба таҷдиди стансияи «Оқ кўприк» (Ӯзбекистон) бо дароз кардани роҳҳои мавҷуда ва сохтмони хатҳои иловагии қабулу гусел маълумот дод.

    Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур қобилияти гузарониш ба воситаи нуқтаи сарҳадии «Оқ куприк» дар як шабонарӯз аз 30 ба 45 ҷуфт қатор ва мутаносибан ҳаҷми ҳамлу нақли бор аз 60 миллион тонна дар як сол афзоиш меёбад. Дар робита ба ин, ҷониби Ӯзбекистон ба ҶС «НК «Қазақстан темір жолы» дар бораи зарурати андешидани чораҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истгоҳи «Сарияғаш» муроҷиат кард.

    Барои боз ҳам тезонданн ҳаракати поездҳо масъалаи аз ҳар ду ҷониб мутақобилан пешниҳод намудани маълумоти пурраи пешакӣ дар бораи молҳои ба Пунктҳои ҷойи васли байнидавлатӣ овардашуда, инчунин кутоҳ кардани муҳлати азназаргузаронии техникӣ ва тиҷоратӣ дида баромада шуд.

    Дар натиҷаи гуфтушунидҳо Протоколи мулоқоти дуҷониба ба имзо расид, хабар медиҳад маркази иттилоотӣ-таҳлилии ВАО.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates