Ўзбекистон-Қирғизистон: масъалаҳои муҳими ҳамкории тарафайн муҳокима шуданд

    Нақлиёт 2 Noyabr 2023 1455

    31 октябри соли 2023 миёни ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва Муассисаи давлатии «НК «Қирғиз Темир Жолу» мулоқот баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуданд.

    Дар вохӯрӣ аз ҷониби ҶС «Ӯзбекистон темир йуллари» раиси раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йуллари» З.Нарзуллаев, муовини якуми раиси раёсат Х.Раҳметов ва дигар кормандони масъули хадамот иштирок доштанд. Ҳайати вакилони Қирғизистонро директори генералии Муассисаи давлатии «НК «Қирғиз Темир Жолу» А. Сакиев роҳбарӣ кард.

    Яке аз мавзӯъҳои аслии музокирот фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан буд. Ҷонибҳо масъалаи таъмини вагонҳоро аз ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» барои интиқоли бор аз Қирғизистон ба Ӯзбекистон баррасӣ карданд, ки ба рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо мусоидат мекунад.

    Масъалаҳои тайёр кардани мутахассисони қирғиз дар мактабҳои олии Ӯзбекистон низ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф барои баланд бардоштани тахассуси кадрҳо ва рушди маҳорати касбӣ густариш диҳанд.

    Муҳокимаи масъалаи ба роҳ мондани поездҳои мавсимии мусофиркашонӣ дар маршрути «Тошканд — Рибаче — Тошканд» натиҷаи муҳимми мулоқот буд. Ин иқдом ба беҳбуди равобити мусофирбарӣ миёни ду кишвар ва рушди иқтидори сайёҳии минтақа мусоидат мекунад.

    Гузашта аз ин, ҷонибҳо оид ба татбиқи чораҳои амалӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон” ба мувофиқа расиданд. Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақа ва таҳкими робитаҳои иқтисодии байни кишварҳо аҳамияти стратегӣ дорад.

    Сафар ба IT-Маркази нави «Ўзбекистон темир йўллари» ташкил карда шуд. Намояндагони Қирғизистон аввалин меҳмонони хориҷӣ буданд, ки бо ин идораи инноватсионӣ шинос шуданд. Зимни муаррифӣ қарорҳои муосири технологӣ, ки дар соҳаи роҳи оҳан истифода мешаванд, намоиш дода шуда, бартарӣ ва имкониятҳое, ки маркази IT барои баланд бардоштани самаранокӣ ва рушди хадамоти роҳи оҳан фароҳам меорад, тавсиф карда шуд.

    Бинобар ҷамъбасти мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расид, ки дар он созишномахои ба даст овардашуда мустаҳкам карда шуда, аҳамияти инкишоф додани ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар соҳаи роҳи оҳан инъикос ёфтаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти иттилоотиву таҳлилии ҶС “Ўзбекистон темир йўллари”.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates