Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту логистика, обу энергетика, сайёҳӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Пайравии тарафайн ба минбаъд васеъ гардондан ва амиқтар кардани муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Қирғизистон изҳор гардид.
Нишондиҳандаҳои савдои мутақобила ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтанд: тайи панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти мол миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон панҷ баробар афзоиш ёфта, дар соли 2021 ба 950 миллион доллар расидааст. Эълон карда шуд, ки дар ҳоли ҳозир барои ба 2 миллиард доллар расондани ҳаҷми муомилоти мутақобила тамоми шароит мавҷуд аст, ки дар робита корҳо ҷиҳати таҳкими робитаҳои доираҳои тиҷоратии ду кишвар пурзӯр гардонда шаванд.
Дар соҳаи сармоягузорӣ низ пешравиҳои назаррас ба назар мерасанд. Дар ин замина ҷонибҳо аз ифтитоҳи расмии Фонди рушди Ӯзбекистону Қирғизистон истиқбол карданд, ки барои густариши шарикии сармоягузории ду кишвар як катализатор гардад.
Илова бар ин, иштирокдорони вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуда, ҷиҳати фаъол гардонидани ҳамкориҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба пешбурди лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак ва ҳалли фаврии масъалаҳои мавҷуда як қатор пешниҳодҳо иброз намуданд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ оид ба пурзӯр намудани саъю кӯшишҳои муштарак ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ дар тамоми самтҳои баррасишуда, инчунин иҷрои босифат ва саривақтии созишномаҳои мавҷуда ба мувофиқа расиданд.