баннер
23 Apr 2025
01:46

    Ӯзбекистон - СММ: вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуданд

    Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо намояндаи махсуси Котиби генералии СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе мулоқот кард.

    Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ӯзбекистон бо СММ ва муассисаҳои махсуси он, аз ҷумла бо Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.

    Оид ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва таъмини сулҳ ва субот дар минтақа табодули назар сурат гирифт.

    Мувофиқа ҳосил шуд, ки ҳамкории Ӯзбекистон бо СММ тавассути Маркази минтақавии он, бахусус дар масъалаҳои идоракунии захираҳои об ва ҷалби ҷавонон ва занон ба равандҳои таҳкими сулҳ ва пешгирии низоъҳо амиқтар хоҳад шуд.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech