Ӯзбекистон - Арабистони Саудӣ: дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология ва инноватсия баррасӣ шуд

    23 март дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Тошканд мулоқоти вазири рушди инноватсионӣ Иброҳим Абдураҳмонов бо вазири сармояҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Фолиҳ ба амал омад.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи илм, технология ва инноватсияро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, вазир Холид Ал-Фолиҳ қайд кард, ки Арабистони Саудӣ дар тӯли 20-25 сол барои эҷод ва рушди экосистемаи инноватсионӣ пайваста заҳмат мекашад ва ин таҷриба метавонад барои Ӯзбекистон муфид бошад.

    Ҳамзамон таъкид гардид, ки барқарор гардидани муносибат миёни Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи илмию технологии ба номи шоҳ Абдулло, шаҳраки илм ва технологияҳои ба номи шоҳ Абдулазиз метавонад ба табодули дониш ва таҷриба байни олимону навоварон такони бузург бахшад.

    Дар навбати худ вазири рушди инноватсионӣ И.Абдураҳмонов пешниҳод намуд, ки озмуни лоиҳаҳои муштараки илмии олимони ду кишвар ва ҳамчунин озмуни лоиҳаҳои стартап байни соҳибкорон ташкил карда шавад.

    Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳои паркҳои технологӣ, фондҳои дастгирии илм ва инноватсия ва фондҳои венчурӣ, таҳияи барномаҳоро барои олимони ӯзбек оид ба тадқиқоти докторӣ дар Арабистони Саудӣ, инчунин таҷрибаомӯзии олимони ҷавон дар муассисаҳои илмии бонуфузи шоҳигарӣ баррасӣ карданд.

    Дар ниҳояти мулоқот вазири сармояҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Фолиҳ вазири рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба Арабистони Саудӣ барои баррасии қарордодҳои дар боло зҳикршуда ва самтҳои нави ҳамкорӣ даъват кард, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати рушди инноватсионӣ.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates