Дар рафти муколамаи созанда ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба дурнамои тавсеаи он мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории Ӯзбекистон ва Туркманистон ба шарофати саъю кӯшишҳои сарони ду давлат ба сатҳи шарикии стратегӣ расонида шуда, айни замон сарфи назар аз пандемия ва таназзул дар иқтисоди ҷаҳонӣ, ки аз ҷорӣ карда шудани маҳдудиятҳои карантинӣ ба миён омадааст, босуръат рушд мекунад.

Самтҳои пешомадноки амиқсозии шарикии иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки дар се соли охир ҳаҷми тиҷорати мутақобила се маротиба афзуда, дар давраи аз январ то июни соли равон афзоиши муомилоти мол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоизро ташкил додааст. Омодагии тарафайн татбиқи  тадбирҳои муштараки амалӣ оид ба интенсификацияи тиҷорати мутақобила садо дод.

Ба пешомадҳои инкишофи кооперацияи саноатӣ диққати махсус дода шуд. Дар бораи такомули лоиҳаҳои муштарак оид ба коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ ва меваю сабзавот, ташкили истеҳсоли маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, чарму пойафзор ва маҳсулоти дорусозӣ, техникаи маишӣ ва кишоварзӣ созиш ҳосил шуд. Дар ин замина, ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки харитаи роҳро оид ба амиқсозии ҳамкориҳои саноатӣ бо нишон додани лоиҳаҳо ва шарикони мушаххаси ҳар ду кишвар таҳия ва тасдиқ кунанд.

Ба ғайр аз ин, дар рафти мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ, аз ҷумла, байни вилояти Бухоро ва вилояти Лебап, инчунин вилояти  Хоразм ва вилояти Дашогуз мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд. Дурнамои баргузории чорабиниҳои муштарак бо ташкили музокироти дуҷониба байни корхонаҳои минтақаҳои ду кишвар баррасӣ шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Бинобар  натиҷаҳои мулоқот дар бораи таъсиси гурӯҳи кории муштарак оид ба омӯзиш ва мувофиқа кардани масъалаҳои афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила созиш ба даст омад.