Ӯзбекистон – Туркия: МҶИИТВ дар роҳи инкишофи минбаъдаи тибби варзишӣ боз як қадам гузошт

    Варзиш 24 Iyun 2022 922

    Бо мақсади табодули таҷриба оид ба дастовардҳои навтарин дар соҳаи тибби варзишӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Маркази ҷумҳуриявии илмию истеҳсолии тибби варзишӣ (МҶИИТВ) дар назди КМО бо ширкати туркии "Invitrotek" меморандум ба имзо расонд.

    Дар чорабинӣ кормандони масъули МҶИИТВ бо роҳбарии Камол Сироҷитдинов ва сарменеҷери ширкати "Invitrotek" Ҳалук Учдере иштирок доштанд.

    Дар вохӯрӣ Камол Комилович аз таваҷҷуҳи амиқи Сарвари давлат ба рушди соҳаи варзиш, бахусус, тибби варзишӣ маълумот дод. Дар навбати худ, мутахассиси туркӣ ба корҳои анҷомдода баҳои баланд дода, аз ҳамкориҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ намуд.

    Баъд аз он тарафҳо ба мақсади кори минбаъдаи якҷоя дар чунин самтҳо, монанди ба МҶИИТВ таъмин намудани таҷҳизоти навтарин ва муосири тибби варзишӣ, мубодилаи таҷриба байни мутахассисон ва ташкили семинарҳои илмӣ барои онҳо ёддошти ҳамкори ба имзо расониданд.

    Бояд тазаккур дод, ки санади мазкур иҷрои амалии супориши Ҳукумат оид ба роҳандозии ҳамкориҳо бо ширкатҳои пешқадам маҳсуб меёбад, ки дорои усулу технологияҳои муосири биотиббӣ дар соҳаи генетикаи варзишӣ, омӯзиши таҷрибаи онҳо мебошад. Ин созишнома дар оянда барои комёбиҳо ва пирӯзиҳои нави варзиши Ӯзбекистон хизмат хоҳад кард, хабар медиҳад хидмати матбуоти КМО.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates