Дар чорабинӣ ҷонибҳо дар бораи корҳое, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат дар кишварамон ба баланд бардоштани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, табдил додани маҳаллаҳо ба минтақаҳои аз ҷинояткорӣ холӣ, инчунин ислоҳоти соҳаи судиву ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд, табодули афкор намуданд.
Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, дар ҷараёни гуфтугӯи дӯстона ва созанда ҷонибҳо масоили рушди ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, ба сатҳи сифатан нав баровардани он, муташаккилсозии мубодилаи барномаҳо дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, инчунин дигар ҷанбаҳои ҳамкории муштаракро баррасӣ карданд.