«Uzbekistan Airways» шумораи парвозҳоро ба Киев зиёд мегардонад

    Нақлиёт 27 Oktabr 2021 1057

    ҶС «Uzbekistan Airways» аз 3 ноябри соли 2021 сар карда парвозҳоро ба Киев рӯзҳои чоршанбе зиёд мегардонад. Аз аввали моҳи ноябр парвозҳо дар самти «Тошкент – Киев – Тошканд» ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе анҷом дода мешаванд.

    Нархи чиптаҳо дар ин хатсайр ба як тараф аз 2 203 229 сӯм (бе бағоҷ) ва аз 2 539 315 сӯм (бо бағоҷ), инчунин чиптаҳои рафту омад аз 4 149 045 сӯм (бе бағоҷ) ва аз 4 771 427 сӯм (бо бағоҷ) оғоз мешавад. .

    Чиптаҳои парвозро дар вебсайти расмии ширкати ҳавопаймоӣ, дар филиали «Uzbekistan Airways Sales» ё тавассути агентҳои ширкати ҳавопаймоӣ харидан мумкин аст.

    Хотиррасон менамоем, ки ҳангоми харидани чиптаи ҳавопаймо тавассути вебсайти расмии ширкати ҳавопаймоӣ 3% тахфиф пешбинӣ шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates