«Uzbekistan Airways» парвозҳоро ба Олмаота, Ақтўбе ва Актау аз нав барқарор намуд

    Нақлиёт 14 Yanvar 2022 751

    Ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» аз 15 январи соли 2022 бинобар хатсайрҳои "Тошканд – Олмаота – Тошканд", "Самарқанд – Олмаота – Самарқанд", "Нуқус – Актюбе – Нуқус", "Урганҷ – Актау – Урганҷ", "Нуқус – Актау – Нуқус" парвозҳои мунтазамро барқарор менамояд.

    Қобили зикр аст, ки фурудгоҳи байналмилалии Олмаота парвозҳои байналмилалиро аз соати 08:00 то 21:00 (бо вақти Олмаота) то 19 январ қабул мекунад. Ба ин муносибат рейси HY-765/766 дар хатсайри “Тошканд – Олмаота – Тошканд”, ки бояд рӯзи 16 январ пешбинӣ шуда буд, бекор карда шуда, мусофирони ин рейс рӯзи 17 январ тавассути рейси HY-763/764 бинобар хатсайри «Тошканд — Олмаота — Тошканд» интиқол дода мешаванд.

    Мусофирони парвозҳои бекоршуда (аз 7 то 13 январи соли 2022) парвоз аз Олмаота, Актюбе ва Актау ҳуқуқ доранд, ки арзиши чиптаро дар ҷои харид пурра баргардонанд ё барои ҳар санаи озод бронкунии ройгонро доранд.

    Аз мусофироне, ки нияти сафар ба Қазоқистонро доранд, ширкати «Uzbekistan Airways» хоҳиш менамояд, ки бо қоидаҳои вуруд дар ин пайванд шинос шаванд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates