30 января 2022 года Ҷамъияти саҳҳомии «Uzbekistan Airways» нахустин парвозро бинобар хатсайри "Намангон - Перм" дар доираи чаҳорчӯби лоиҳаи "Хаби Шарқӣ" анҷом дод.

Ҳавопаймои Airbus A320, ки нахустин парвози он дар "класси пурраи эконом" анҷом дода шуд, 174 мусофирро ба Фурудгоҳи байналмилалии Перми Федератсияи Русия расонд. Ва ин нишондиҳанда мисоли равшани баланд будани талабот аз водии Фаргона ба шаҳрҳои Федератсияи Русия мебошад.

Фароҳам оварда шудани шароити қулай ва бароҳат барои парвоз бинобар самтҳои серталаб аз водии Фарғона мақсади асосии «Uzbekistan Airways»  дар ташкили "Хаби Шарқӣ" мебошад. Тибқи лоиҳа «Uzbekistan Airways»  аз фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Намангон ва Фарғона истифода бурда, хатсайрҳоро аз вилоят ба шаҳрҳои Федератсияи Русия ва шаҳрҳои хориҷи дур, ки дар байни сокинони водии Фарғона маъруфанд, васеъ менамояд.

Дар доираи ташаббуси нави "Хаби Шарқӣ" дар аэропорти байналмилалии Намангон барои намояндагони ВАО ва блогерҳо тақдимоти лоиҳа баргузор гардид. Дар доираи он намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ ба иштирокчиён дар бораи миқёси лоиҳа, харитаи парвозҳо ва арзиши чиптаҳои ҳавопаймо маълумот доданд. Парвозҳои навбатӣ ба шаҳрҳои Маскав, Самара, Омск, Оренбург, Иркутск, Краснодар, Екатеринбург ва Уфаи Русия ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир аз фурудгоҳи байналмилалии Фарғона парвозҳо ба шаҳрҳои Маскав, Қазон ва Истамбул сурат мегиранд, ки марҳилаи аввали ташкили "Хаби Шарқӣ" буд.

Пас аз анҷоми марҳилаи дуюми рушди хаб – оғози парвозҳо аз Намангон, «Uzbekistan Airways» ба марҳилаи сеюм – зиёд кардани шумораи парвозҳо аз Фарғона, инчунин васеъ намудани шабакаи хатсайрҳо аз фурудгоҳи байналмилалии Фарғона шурӯъ мекунад.