Дар рафти вохӯрӣ ба меҳмонони хориҷӣ дар бораи ислоҳоти минбаъдаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакати мо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ маълумот дода шуд.

Дар навбати худ ҷониби Чин дар бораи агентиҳои сайёҳӣ ва иқтидори сайёҳии кишвари худ маълумот дода, қайд кард, ки барои чиниён бозори сайёҳии Ӯзбекистон ҷолиб ва ояндадор аст.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои васеъ пеш бурдани иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар Чин ва таҳкими равобити  кории дуҷониба байни коршиносони дахлдор баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар мулоқот масъалаҳои зиёд намудани ҷараёни сайёҳон аз Чин ба шаҳрҳои таърихии Ӯзбекистон, таҳияи хатсайри махсуси сайёҳии муштарак, пешбурди иқтидори сайёҳии минтақаҳои кишвар дар Чин, дар муддати кутоҳ роҳандозии хатсайрҳои мунтазам ва чартерӣ байни шаҳрҳои сайёҳии ду давлат, инчунин омӯзиши таҷрибаи Чин дар рушди сайёҳии дохилӣ  баррасӣ шуданд.

Дар натиҷаи мулоқот оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак аз рӯи масъалаҳои баррасишуда тавофуқ ҳосил шуд.