“Uzbekistan GTL” – заводи азим дар мобайни дашт

    Ҳукумат 25 Dekabr 2021 7680

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 декабр ба заводи Uzbekistan GTL-и вилояти Қашқадарё ташриф овард.  

    Ҳамагӣ чанд сол пеш дар ин ҷо дашти урён буд. Дар муддати кутоҳ дар ин ҷо заводи азим, кластери кимиёвӣ пайдо шуд. Ин комплекс марҳалаи нави тараққиёти саноати ватаниро нишон медиҳад. Сохтмони он таҳти таваҷҷӯҳи доимии сарвари давлатамон қарор дошт. Президент ба ин ҷо омада, бо рафти корҳо дар солҳои 2017 ва 2018 шинос шуд. Сохтмон, ки ҳатто дар давраи пандемия қатъ нашуд, имрӯз анҷом ёфт.

    Шавкат Мирзиёев маҷмӯъро давр зада, бо раванди технологӣ шинос шуд.

    Комбинат ҳам аз ҷиҳати маблаггузорӣ ва ҳам аз ҷиҳати микёс беназир аст. Арзиши он 3 миллиарду 420 ҳазор доллари ИМА буда, масоҳати иншоот 135 гектарро ташкил медиҳад. Дар сохтмон дар як вақт бештар аз 13 ҳазор нафар муҳандисону коргарон кор мекунанд, ин нишон медиҳад, ки ки чи гуна корҳо ба ҷо оварда шудаанд.

    То ин дам чунин маҷмӯъҳои бузург танҳо дар чаҳор кишвари ҷаҳон – Қатар, Нигерия, Африқои Ҷанубӣ ва Малайзия сохта шуда буданд.

    Дар корхона беш аз 10 ҳазор адад таҷҳизот насб шудааст, ки аз ҷониби тақрибан 130 корхонаи пешрафтаи 24 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, ИМА, Олмон, Италия, Британияи Кабир, Русия ва Чин истеҳсол шудааст. 140 иҷозатнома ва патентҳои байналмиллалӣ барои истифодаи амалҳои технологӣ, таҷҳизот ва равандҳо гирифт шудаанд. Аксарияти онҳо дар ҷаҳон ҳамто надоранд.

    Корхона дар як сол 3,6 миллиард метри мукааб гази табииро коркард карда, 307 ҳазор тонна керосин, 724 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 437 ҳазор тонна нафт, 53 ҳазор тонна гази моеъ истеҳсол мекунад. Имконияти кор кардан дар панҷ режими гуногун мавҷуд аст: завод қодир аст ҳаҷми истеҳсоли ҳамон маҳсулотеро, ки ба онҳо фармоиш бештар расидааст, зиёд кунад.

    Сарвари давлат ба масъулин дастур дод, ки корҳои иктишофии геологиро вусъат дода, базаи ашёи хоми корхонаҳои маҳаллиро таҳким бахшанд.

    – Мо дар ин соҳа нақшаҳои калон дорем. Ба онҳо ашёи хоми кафолатнок лозим аст. Қаблан чунин мешуд: конро ёфтанд - онро мефурӯхтанд. Ҳоло мо кӯшиш мекунем, ки дар худ дубора коркард кунем, то мардум нафъ бигиранд. Дар оянда талабот ба маҳсулоти дар ин ҷо истеҳсолшаванда фақат меафзояд. Ҷаҳон ба иқтисодиёти “сабз” мегузарад. Аз ин рӯ, мо бояд аз таҷҳизоти нави геофизикӣ истифода намуда, таҳқиқоти геологиро амиқтар гардонем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Заводи азим энергияи зиёд талаб мекунад. Дар ин бобат корхона худашро таъмин карда метавонад. Аз буғе, ки дар натиҷаи кори нерӯгоҳ ҳосил карда мешавад, соле 650 миллион киловатт-соат энергияи электр ҳосил карда мешавад. Ба шарофати ин завод худро бо қувваи электр таъмин карда, метавонад маҷмӯи газу кимиёвии Шӯртан ва дигар корхонаи навро бо қувваи электр таъмин намояд. Қувваи электри сарфашуда барои таъминоти хонаҳо ва корхонаҳо сарф мешавад.

    Сарвари давлат аз нуқтаи диспетчерии завод дидан кард, ки аз он ҷо истеҳсолот ва бехатарии он назорат ва идора карда мешавад. Дар ин марказ ҷавононе кор мекунанд, ки аз ҷониби корпоратсияи амрикоии Honeywell таълим гирифтаанд.

    – Ман хеле шодам, ки шумо донишҳои муосирро аз худ карда, забонҳои хориҷиро омӯхта, дар хориҷа таҷриба андӯхта, дар чунин корхона кор мекунед, – гуфт Президент дар суҳбат бо онҳо. – Дониши шумо сарвати шумост. Бо як ҷавон-оператор аз Қароқалпоқистон ҳамсуҳбат шудам, мегӯяд, ки 15 миллион сӯм маош мегирад. Мехоҳам, ки чунин ҷавонон боз ҳам бештар бошанд. Ва барои ин аз шумо хоҳиш мекунам, ки ҳамсолонатонро ба пайравии шумо, бо илм машғул шудан, соҳиби касбу ҳунари касбӣ шудан даъват намоед.

    Мо ба созмон додани 5 кластери кимиё-технологӣ дар вилоятҳои Тошканд, Навоӣ, Фарғона, Бухоро ва Устюрт оғоз намудем. Дар он ҷо кӣ кор хоҳад кард? Шумо барин, писарону духтарони мо.

    Президент инчунин лабораторияи муосири маҷмӯъ ва таҷҳизоти коркарди оби саноатиро аз назар гузаронд.

    Дар бораи инкишоф додани истеҳсоли сателлитҳо дар атрофи комбинат, сохтани манзил, иншоотҳои варзишӣ ва фарҳангӣ барои коргарони комбинат супоришот дода шуданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates