Ўзбекистон ва Афғонистон: ҳамкорӣ дар соҳаи таълими олӣ

    Таълим 27 Iyul 2022 854

    Дар яке аз ҷаласаҳои параллелӣ дар мавзӯи «Роҳ ба сӯи ояндаи осоиштаи Афғонистон» дар доираи Конфронси байналмилалии Тошканд оид ба Афғонистон, дурнамои густариши ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар, минбаъд зиёд кардани шумораи ҷавонони афғон, ки дар мактабҳои олии мамлакатамон таҳсил мекунанд, инчунин тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаҳои гуногун муҳокима шуданд.

    Дар чорабинӣ дар бораи корҳои амалии якҷоя сухан рафта, як қатор муррифиҳо пешниҳод шуданд. Нуқтаи оғози ҳамкориҳо дар ин замина таъсиси Маркази таълимии омӯзиши шаҳрвандони Афғонистон дар вилояти Сурхондарёи ҳаммарз бо Афғонистон буд. Бар асоси ёддошти ҳусни тафоҳуми миёни вазоратҳои таҳсилоти олии ду кишвар ба манзури тавсеаи бештари равобити мавҷуда имзошуда, тартиби таҳсили шаҳрвандони Афғонистон на танҳо дар маркази таълимии ноҳияи Тирмиз, балки дар дигар мактабҳои олии тамоми Ӯзбекистон муқаррар шудааст.

    Вақтҳои охир ҳаҷми лоиҳаҳои якҷоя меафзояд. Аз ҷумла, моҳи марти соли 2022 дар шарикӣ бо Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, ҳайати ИА ва Намояндагии доимии Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон боз як лоиҳа оғз ёфт, ки ба таълим ва такмили ихтисоси шаҳрвандони Афғонистон нигаронда шудааст.

    Дар курсҳои солонаи лоиҳаи буҷаи умумиаш 1 миллион евро сад нафар таълим мегирад, дар марҳилаи якуми курсҳои семоҳа 48 нафар таълим гирифтанд, хабар медиҳад ӮзА.

    Дар чорчӯби ин ташаббус маблағгузории омӯзиши 336 шаҳрванди Афғонистон дар назар аст. Айни замон дар самтҳои таълимӣ, аз қабили нақлиёт ва таъмири автомобилҳо, дӯзандагӣ, информатика ва технологияҳои иттилоотӣ (веб таҳиякунанда), агробизнес ва маркетинг, информатика ва технологияҳои иттилоотӣ курсҳои яксолаву семоҳаи касбӣ ташкил карда мешаванд.

    Илова бар ин, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим миёни донишгоҳҳои ду кишвар ҳамкории шарикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин раванд Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишер Навоӣ, Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд бо Донишгоҳи Балхи Афғонистон ҳамкорӣ доранд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates