Ўзбекистон ва Алҷазоир масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд

    Сармояҳо 4 Iyul 2024 278

    3 июли соли равон сазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Лазиз Қудратов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳаммад Ирки мулоқот анҷом дод.

    Зимни суҳбат масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дурнамои густариши шарикӣ дар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Дар мавриди андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба, инчунин таъсиси гурӯҳи кории муштарак оид ба муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба, ба роҳ мондани муносибатҳои шарикӣ байни сохторҳои соҳибкорӣ, муайян кардани мушкилот ва омилҳои монеаи муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба ва сари вақт бартараф намудани онҳо ба мувофиқа расиданд.

    Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои зиёд кардани миқёси ҳамкориҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои кимиё, электротехника, кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, нафту газ, инчунин сайёҳӣ дар асоси таҷрибаи мавҷудаи татбиқи муштараки ташаббусҳои калони ба ҳамдигар фоидабахш тасдиқ карданд.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates