Ашёи хом барои корхона аз ҷониби истеҳсолгари русиягии ҶММ «Каспий Гласс», ки ба гурӯҳи ширкати «Каспий Композит» дохил мегардад, интиқол дода мешавад. Барои роҳандозӣ ва маҳаллисозӣ ширкати Доғистон таҷҳизоти махсус ҷудо кардааст. Дар ин бора РИА “Доғистон” хабар медиҳад.
Ин кишвар 538,6 ҳазор доллар ва ҷониби Доғистон 545,3 ҳазор доллар сармоягузорӣ кардаанд. Ҳаҷми пешбинишудаи истеҳсоли моҳона 218,1 ҳазор доллар арзёбӣ мешавад.
Илова бар ин, барои ба роҳ мондани ин раванд ҳудуди 30 нафар аз Ӯзбекистон тавонистанд дар корхонаи шишабарории Доғистон таҷриба омӯзанд.