Дар рафти мулоцқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таълими олии байни Ўзбекистон ва Индонезия баррасӣ шуданд. Зимни мулоқот ҳамчун намунаи равшани рушди муносибатҳои воқеӣ, кушодани барномаҳои муштараки таълимӣ, факултетҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои Донишгоҳи Гунадарма ва Донишгоҳи давлатии Бухоро таъсис дода шудаанд, қайд гардид.
Ҳамчунин дар мавриди табодули таҷриба дар самти аккредитатсияи донишгоҳҳо, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар рейтингҳои байналмилалӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Чунон ки дар маҷлис кайд карда шуд, имрӯз дар Индонезия 250 мактаби олии давлатӣ ва 4600 мактаби олӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо қариб 10 миллион нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Қайд гардид, ки таҷрибаи кор бо ин муассисаҳои таҳсилоти олии хусусӣ дар роҳандозии фаъолияти ташкилотҳои таълимӣ дар Ӯзбекистон аҳамияти калон дорад.