Ўзбекистон ва Исроил дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи таълимро баррасӣ карданд

    Таълим 3 Aprel 2023 1618

    Дар Тел-Авив мулоқоти онлайнии байни донишҷӯёни мактабҳои олии бонуфузи Ӯзбекистон ва Исроил баргузор гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯёни яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Исроил ва ҷомеаи байналмиллалии академии – “Технион”, Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов ва Донишгоҳи технологияи иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ, инчунин намояндагони мактабҳои тахассусии президентӣ ширкат варзиданд.

    Дар рафти вохӯрӣ муаррифии мактабҳои олӣ, аз ҷумла имкониятҳои таҳсил дар барномаҳои таълимӣ баргузор гардид. Доир ба раванди таълим ва ҳаёти донишҷӯён дар донишгоҳҳои олӣ мубодилаи васеи афкор барпо гардид. Дар бораи дастгирӣ кардани муколамаи байни ҷамъиятҳои донишҷӯён, инчунин инкишофи туризми студентон созишҳо ба даст омаданд.

    Дар вохӯрии онлайн бо иштироки роҳбарияти Маркази робототехникии Леуми «Технион» кор оид ба ташкили озмунҳои байналмилалии тахассусии мактаббачагон ва донишҷӯён муаррифӣ шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар навбати худ Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд бо кори донишгоҳ дар соҳаи робототехника шинос кард.

    Мактаби махсуси технологияҳои иттилоотии ба номи Ал-Хоразмӣ дар бораи равандҳои таълимӣ ва эҷодии муассиса муаррифӣ намуд.

    Бинобар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мустақимро дар самти иштирок дар чорабиниҳои озмунӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки дуҷониба бо иштироки мактаббачагон ва донишҷӯён роҳандозӣ намоянд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates