Ўзбекистон ва Қазоқистон ҳамкории бисёртарафаро инкишоф доданианд

    26 сентябри соли ҷорӣ байни ҳайати Ўзбекистон таҳти сарварии муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва савдои хориҷӣ Ҷамшед Хоҷаев ва Қазоқистон, ки муовини Сарвазир – вазири савдо ва ҳамгироӣ Серик Ҷумангарин сарварӣ мекунад, музокироти васеъ ба амал омад.

    Дар ҷаласа инчунин роҳбарони масъули вазорату идораҳои дахлдор, иттиҳодияҳои саноатии ду кишвар ширкат доштанд.

    Зимни суҳбат рӯзномаи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин тадбирҳои мушаххас оид ба густариши он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо мавҷудияти имкониятҳои воқеиро барои рушди босамари ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба қайд намуда, инчунин омодагии худро барои истифодаи тамоми чораҳо изҳор намуданд.

    Аз ҷумла, масъалаҳои инкишофи кооператсияи саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар бораи ҳарчи зудтар тартиб додани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии ташкили инфрасохтори берунӣ ва дохилии Маркази байналхалқии ҳамкории саноатӣ, инчунин Созишномаи дахлдори байниҳукуматӣ оид ба танзими фаъолияти МБҲС созишҳ гардид.

    Дар баробари ин ҷонибҳо имкони татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаи автомобилсозӣ, истеҳсоли нуриҳои минералии фосфатӣ ва комплексӣ, саноати электротехникӣ дар қаламрави ду давлат баррасӣ карданд.

    Масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли дорусозӣ ва кишоварзӣ баррасӣ шуданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки бақайдгирии доруҳоро соддатар намуда, истеҳсоли муштараки маҳсулоти кишоварзиро бо бастани шартномаҳои форвардӣ оид ба таҳвили онҳо ташкил кунанд.

    Дурнамои рушди ҳамкориҳои нақлиётию логистикӣ бо дарназардошти диверсификатсияи хатсайрҳои роҳи оҳану автомобилӣ ва афзоиши шумори парвозҳо миёни ду кишвар мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

    Ҳамчунин масъалаҳои ташкили 20-умин ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва Форуми 4-уми муштараки байниминтақавӣ дар доираи он дар Тошканд баррасӣ шуданд.

    Бинобар ҷамъбасти музокирот ҷонибҳо ба идома додани кори муштараки наздик оид ба тамоми самтҳои баррасишудаи ҳамкорӣ пайравии тарафайн изҳор намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates