Ўзбекистон ва Қазоқистон ба маблағи беш аз  600 миллион доллар шартномаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ имзо карданд

    Имрӯз, 26 ноябри соли равон дар шаҳри Туркистон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Асқар Мамин бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов мулоқот намуда, дар Форуми III ҳамкории байниминтақавии Қазоқистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд.

    Дар ин бора Захираи расмии иттилоотии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.

    Масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, транзитӣ ва нақлиётӣ, обу энергетика, ҳамкориҳои саноатӣ, сайёҳӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тақрибан 70 фоизи тамоми тиҷорати минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон рост меояд.

    Ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба дар нӯҳ моҳи соли 2021 беш аз 2,9 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 28,5 фоиз зиёд аст. То охири соли ҷорӣ Ӯзбекистон метавонад ба яке аз панҷ шарики бузурги тиҷоратии Қазоқистон табдил ёбад. Ҳадаф гузошта шуда буд, ки ҳаҷми савдои мутақобила дар соли 2022 ба 5 миллиард доллар ва дар тӯли панҷ сол ба 10 миллиард доллар расонида шавад. Корҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази байналмилалии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии «Осиёи Марказӣ» дар марзи ду кишвар идома доранд.

    Сарвазири Қазоқистон динамикаи баланди ҳамкориҳои Қазоқистону Ӯзбекистонро дар соҳаи кооператсияи саноатӣ қайд кард. Корхонаи муштараки «Hyundai Auto Asia» самаранок кор мекунад. Ширкати "Астана-Моторс" дар масъалаи бунёди корхонаи тавлиди мошинҳои Hyundai дар Ҷиззах кор пеш мебарад. Дар шаҳри Қўстанай ҶММ «СариаркаАвтоПром» якҷоя бо ҶС «UZAuto Motors» истеҳсоли автомобилҳои Chevrolet, бо ҶС «MAN Auto-Uzbekistan» мошинҳои боркашони MAN-ро ба роҳ монд. Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Маркази маҳаллисозии ҶС «АгромашХолдингКЗ»-и шаҳри Қӯстанай корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи кишоварзии «Nurafshon» таъсис ёфт.

    Ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти бофандагӣ дар корхонаи муштараки «Alliance» ва фабрикаи дӯзандагии «Turkestan Textile» мисолҳои муваффақиятноки ҳамкорӣ мебошанд. «Барои лоиҳаҳои нави муштарак дар соҳаи мошинсозӣ, саноати сохтмон ва саноати фармасевтӣ дигар нуқтаҳои потенсиалии афзоиш вуҷуд доранд», -- гуфт А.Мамин.

    Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон сатҳи баланди ҳамкориҳои Қазоқистону Ӯзбекистонро дар соҳаи транзит ва нақлиёт қайд намуд – корҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои калони муштарак бобати рушди инфрасохтори роҳи оҳан, навсозии гузаргоҳҳои автомобилӣ идома доранд ва барои кашондани борҳо сиёсати мусоиди тарифӣ ташаккул ёфтааст.

    Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми ҳамлу нақли роҳи оҳан байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 20,5 миллион тоннаро ташкил дод. Сарвазири Қазоқистон аҳамияти ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаи ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об ва ҷангал таъкид кард. Бо ҷидду ҷаҳди якҷоя дар давраи нашъунамо аз обанборҳои Токтогул ва Қайроқум ба таври илова об бароварда шуд, ки ин талаботи истеҳсолкунандагони маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро конеъ гардонд. Лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати ҳалли мушкилоти шадиди экологии баҳри Арал, дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии тамоми минтақаи баҳри Арал амалӣ карда мешаванд.

    «Мо пешниҳод менамоем, ки саъю кӯшишро барои шинондани ниҳолҳои саксавул дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал муттаҳид созем», -- гуфт А.Мамин.

    А.Мамин ва А.Арипов ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баргузор намуда, дар Форуми III ҳамкории байниминтақавии Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар мавзӯи «Ҳамкории фаромарзӣ ҳамчун нуқтаҳои нави рушд» иштирок намуданд, ки қариб 200 нафар -- роҳбарони мақомоти давлатӣ, минтақаҳо, инчунин намояндагони доираҳои корчаллонии ҳар ду мамлакатро гирди ҳам овард.

    Вазири савдо ва интегратсияи Ҷумҳурии Қозоғистон Бахит Султанов, муовини вазири сармоя ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон Бадриддин Абидов, ҳокимони вилояти Туркистон Умирзоқ Шукеев, вилояти Манғистау Нурлан Ногаев, вилояти Актюбе -- Ондасин Уразалин, раиси Шӯрои Вазирони Қароқалпоқистон Қаҳрамон Сариев, ҳокимони вилоятҳои Ҷиззах Эргаш Салиев, вилояти Тошканд -- Зоир Мирзоев ва дигарон сухан карданд. Дар доираи Форум дар соҳаҳои мошинсозӣ, маҷмааи агросаноатӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, маҳсулоти электротехникӣ, маҳсулоти тиббӣ, рушди инфрасохтор ва дигар соҳаҳо ба маблағи умумии 611,3 миллион доллари ИМА 54 шартномаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ ба имзо расид.

    Сарони ҳукуматҳои ду кишвар дар ҷараёни боздид аз Туркистон дар маросими ифтитоҳи Мактаби зеҳнии Назарбоев ширкат карда, ба мақбараи Х.А.Яссавӣ, маркази "Ули Дала Елi", маҷмааи сайёҳии "Каравон-Сарой" ва дигар объектҳо ташриф оварданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates