Тарафҳо тартиби гузаронидани корҳои муштараки геологияву кашфиётӣ, мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозиро дар минтақаҳои марзӣ муҳокима намуданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Изҳор гардид, ки омодагӣ барои омӯзиши якҷояи майдонҳои умедбахш дар ҳудуди Ӯзбекистон мавҷуд аст ва дар ин самт гуфтугӯҳои доимии корӣ идома хоҳанд ёфт.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорие баррасӣ шуданд, ки ба рушди занҷири арзиши иловагӣ дар соҳаи нафту газ ва кимиё равона шудаанд.
Тарафҳо дар бораи роҳандозии истеҳсолоти муштарак дар вилояти Қашқадарё ва таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурии лоиҳа мубодилаи афкор карданд.
Ҳамчунин мувофиқа шуд, ки байни намояндагони корхонаҳои ду кишвар барои татбиқи лоиҳаҳои эҷоди арзиши иловагӣ дар истеҳсоли ашёи полимерӣ, саноати автомобилсозӣ, кишоварзӣ, соҳаи нассоҷӣ ва дигар бахшҳо муколамаи мунтазам ба роҳ монда шавад.








