Ӯзбекистон ва Чин барои нав кардани парки локомотивӣ шартнома имзо кард

    Нақлиёт 16 Avgust 2024 1512

    15 августи соли ҷорӣ дар байни ҶС “Ўзбекистон темир йўллари” ва ширкати чинии "CRRC Zhuzhou Locomotive" дар бораи модернизатсия ва навсозии парки локомотивҳои Ӯзбекистон шартнома имзо шуд.

    Шартномаро раиси раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» З.Нарзуллаев ва президенти ширкати «CRRC Zhuzhou Locomotive» Ван Сяолин имзо карданд.

    Тибқи созишнома, ширкати чинӣ 12 адад электровози силсилаи "Ӯзбекистон"-ро, ки дар роҳи оҳани кишвар истифода мешавад, модернизатсия мекунад, инчунин 38 электровози боркаш ва мусофирбар, тепловоз ва локомотивҳои маневриро тибқи шартҳои муҳлатдиҳӣ то соли 2034 таъмин хоҳад кард.

    Шартномаи мазкур вазъият ва самаранокии парки локомотивии ҶС «Узбекистон темир йӯллари»-ро хеле беҳтар месозад, ки дар навбати худ ба пешрафти роҳи оҳани мамлакат ва беҳтар шудани сифати боркашонӣ мусоидат мекунад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates