Дар ҷараёни мулоқот дар бораи лоиҳаҳои оид ба рушди системаи нақлиёт ва инфрасохтори кишварамон татбиқшаванда мубодила афкор ба амал омад.
Аз ҷумла, имкониятҳои маблағгузории лоиҳаҳое, ки дар асоси шарикии давлатию хусусӣ оид ба сохтмони фурудгоҳҳо ва роҳҳои автомобилгард амалӣ мешаванд, муҳокима гардиданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои пешомаднокро дар самти ҳамкорӣ баррасӣ карданд.