Зимни мулоқот Марко Френсиз қайд кард, ки "Prudential Wealth Capital Inc" ба доираи васеи фаъолиятҳо, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ, содироту воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо машғул аст.
Дар доираи мулоқот инчунин тақдимоти неруи сармоягузории Ӯзбекистон, инчунин оиди маҳсулоти меваву сабзавоти кишварамон баргузор гардид хабар медиҳад АИ "Дунё".
Зимни суҳбат масъалаҳои ташкили содироти маҳсулоти хӯроквории Ӯзбекистон на танҳо ба бозори АМА, балки ба самтҳои ҳоло ғайрианъанавӣ - кишварҳои иттиҳоди Африқо, ба ҷазираҳои Сейшел, ба Маврикий, ки дар он ҷо талабот ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон на танҳо дар байни аҳолии маҳаллӣ, балки сайёҳони сершумори тамоми ҷаҳон баланд аст, низ баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот қадамҳои минбаъда оид ба ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.