Дар он кормандони масъули вазорати нақлиёти Ӯзбекистон, ҶС «Ўзбекистон темир йўллари» ва Маркази омӯзиши мушкилоти рушди нақлиёт ва логистикаи назди вазорати нақлиёти Ӯзбекистон, инчунин намояндагони ташкилоти худмухтори ғайритиҷоратии «Маъмурияти долонҳои байналхалқии нақлиёти»-и Вазорати нақлиёти Русия иштирок карданд.
Дар мулоқот вариантҳои ташаккули долонҳои нави нақлиётии логистикӣ, ки аз қаламрави Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад, бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми боркашонии байналхалкқӣ, аз ҷумла транзит, инчунин мушкилоти диверсификацияи хатсайрҳои савдои хориҷии кашондани бор баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба салоҳияти долони алтернативии мултимодалии нақлиётию транзитӣ «Русия – Қазоқистон – Ӯзбекистон – Афғонистон – Покистон», ки Федератсияи Русияро бо Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Ҷанубӣ мепайвандад, табодули афкор намуданд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ба мувофиқа расиданд, ки баррасии рушди долонҳои нави нақлиётиву транзитӣ дар соли 2023 идома медиҳан, инчунин роҳҳои минбаъдаи густариши амиқ ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро муайян мекунанд.
Ба мақсадҳои мазкур байни АНО «Маъмурияти долонҳои байналмилалии нақлиётӣ» ва Маркази омӯзиши мушкилоти рушди нақлиёт ва логистикаи назди вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид.