Ӯзбекистон ва Русия ҳамлу нақли борро миёни Чин, Русия ва Осиёи Марказӣ афзоиш доданианд

    Нақлиёт 30 Yanvar 2022 2625

    “РЖД Логистика” ва ширкати логистикии “UTI Transit”-и Ӯзбекистон корхонаи муштараки – “RZDL Transservice Group”-ро таъсис доданд. Ҳадафи аслии он афзоиши интиқоли бор дар роҳи оҳан байни Русия, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

    Ширкат дар қаламрави Ӯзбекистон ҷойгир хоҳад шуд. Вазифаи он ҷалби муштариён дар хатсайрҳои: "Маскав - Тошканд - Маскав", транзит аз Чин ба Ӯзбекистон тавассути Қазоқистон, "Қазоқистон - Ӯзбекистон - Қазоқистон" ва "Маскав - Тошканд - Душанбе" хоҳад буд. Илова бар ин, ширкат дар рушди долонҳои нави нақлиётӣ аз Чин ба Афғонистон ва Покистон ширкат хоҳад кард.

    Дар чаҳорчӯби корхонаи муштарак “РЖД Логистика” ҷамъоварӣ ва қабули борҳоро дар терминалҳои минтақаи Маскав, пардохти тариф ва хидматрасониро дар роҳ тавассути қаламрави Русия ва Қазоқистон таъмин мекунад, инчунин платформаҳои васлкунанда ва контейнерҳои яхдонҳои автономӣ пешниҳод менамояд. Дар навбати худ, "UTI Transit" низ чунин хидматҳоро дар қаламрави Ӯзбекистон пешкаш хоҳад кард. Тавсеаи минбаъдаи хатсайрҳо ва хидматрасониҳо бо мувофиқаи ризоияти тарафҳо сурат мегирад.

    Корхонаи муштараки Русияву Ӯзбекистон дар марҳилаи аввали фаъолияти худ барои ҳамлу нақли бор дар хатсайри "Маскав -Тошканд - Маскав" бо мунтазам ду рафту омад дар як моҳ бо ҳаҷми 40 контейнери автономии рефрижератории чилфута дар ҳар як поезд хидмати нақлиётӣ-экспедитсионӣ хоҳад расонд, инчунин ҳамлу нақли содиротиву воридотии борҳои агросаноатиро дар нақлиёти автомобилӣ байни минтақаҳои Русия ва Ӯзбекистан ташкил мекунад.

    Ҳамин тавр, ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ аз Русия ба Ӯзбекистон ҳафтае то панҷ мошини боркаши евро ва дар самти муқобил то ҳафт мошини боркаши евро дар як ҳафта афзоиш дода мешавад, хабар медиҳад "EastFruit" бо истинод ба маълумоти "РЖД Логистика".

    Нақшаҳои ояндаи корхонаи муштарак зиёд кардани базаи боркашонӣ ҳам аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳам дигар намудҳои бор дар ҳамлу нақли байни Федератсияи Русия, Чин, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ тавассути роҳҳои оҳан ва автомобилӣ дар бар мегирад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates