Дар рӯзномаи мулоқотҳо масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳалли мушкилоте, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон дар қаламрави Русия бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, мавқеи марказиро ишғол намуд.
Тибқи натиҷаҳои вохӯриҳо, тарафҳо оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда ба мувофиқа расиданд. Аз ҷумла, ҷониби Русия пешниҳоди такмил додани низоми хостагирии муташаккилона ва омӯзиши касбии шаҳрвандони Ӯзбекистонро, ки мехоҳанд дар Русия фаъолият кунанд, дастгирӣ намуд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки раванди баррасии интиқоли тартиби гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба қаламрави Ӯзбекистон бояд суръат бахшида шавад. Илова бар ин, ҷониби Русия омодагии худро барои мусоидат ба раванди қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони Ӯзбекистон тибқи Фармони Президенти Федератсияи Русия то 30 апрели соли ҷорӣ изҳор дошт, инчунин барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти муваққатии меҳнатии онҳо дар Русия тавассути низоми ҷалби муташаккил изҳори омодагӣ кард. Дар ин замина, Роструд масъалаи таъсиси "Оператори ягона" барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуда, ҳамчунин имтиёзҳо, аз ҷумла пардохти патент аз ҳисоби корфарморо таҳия мекунад. Илова бар ин, ҷониби Русия итминон дод, ки тамоми чораҳоро барои пешгирии пахши иттилооти нодуруст ва ғаразнок дар фазои иттилоотӣ дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия меандешад.
4 феврал дар сафорати Ӯзбекистон бо иштироки ширкатҳои бузурги корфармои Русия Форум баргузор гардид, ки дар натиҷаи он чор созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи беш аз 3 ҳазор шаҳрвандони Ӯзбекистон ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.