баннер
2 Apr 2025
10:36

    Ӯзбекистон ва Русия ҳамкории гумрукиро тавсеа медиҳанд

    Ба Кумитаи гумрукии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайате таҳти роҳбарии муовини раиси Хадамоти федералии гумруки Русия Алексей Тимофеев ташриф овард.

    Дар вохӯрӣ ба шиносоӣ бо низомҳои иттилоотие, ки Кумитаи гумрукӣ дар ҳама марҳилаҳои татбиқи расмиёти гумрукӣ истифода мебарад, диққати асосӣ дода шуд.

    Меҳмонон аз Лабораторияи марказии гумрукии Кумитаи гумрук, Маркази ҳадафгирӣ ва мониторинги хавфҳо, инчунин посгоҳи гумрукии эъломияи электронии фосилавӣ боздид намуда, бо фаъолияти марказ ва раванди барасмиятдарорӣ шинос шуданд.

    Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон дар самти татбиқи васеи принсипи «гумруки рақамӣ» таҷрибаи бой дорад. Танҳо дар се соли охир 26 низоми нави иттилоотӣ ва 10 замимаи мобилӣ ба фаъолияти мақомоти гумрук ворид карда шудаанд.

    Ҳангоми шиносоӣ бо Маркази барасмиятдарории гумрукӣ, ки бар асоси принсипи гумруки рақамӣ ташкил шудааст, ба меҳмонон имкониятҳои низомҳои иттилоотӣ муфассал нишон дода шуд.

    Ҳамчунин, намояндагони ҳайат посгоҳи марзии гумрукии «Яллама»-ро боздид намуда, бо таҷрибаи ташкили назорати давлатии пас аз воридшавии молҳо шинос шуданд.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech