Ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни ду кишварро дар соҳаи телекоммуникатсия, таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои алоқа дар минтақаҳои марзӣ, инчунин рушди инфрасохтори рақамиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ба рушди минбаъдаи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, таъсиси нуқтаҳои иловагии пайвастшавӣ ва баланд бардоштани сифати интиқоли додаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Илова бар ин, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои такмил додани алоқаи рақамӣ, таҳкими ҳамкориҳои техникӣ ва мубодилаи таҷриба байни мутахассисони ду кишвар баррасӣ шуданд.








