Ӯзбекистон ва Тоҷикистон долони нақлиётии "Шарқ-Ғарб"-ро баррасӣ карданд

    Нақлиёт 14 Iyul 2021 653

    Вазирони нақлиёти Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар мавзӯи "Равобит ва рушди инфрасохтори минтақавӣ: созмон додани долони "Шарқ-Ғарб" мулоқоти онлайн баргузор карда, дар он имконияти кушодани долони нақлиётиро баррасӣ карданд.

    Аз ҷумлаи масъалаҳое, ки дар мулоқот ба миён гузошта шуданд, таъмини пайвасти боэътимоди шабакаҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан дар минтақа, фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли борҳои байналмилалӣ, дурнамои бунёди долонҳои нави нақлиётӣ, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ширкатҳои тиҷоратии ИМА дар соҳаи сохтмон марказҳои логистикӣ ҷой доранд, хабар медиҳад "Вестник Кавказа" бо истинод ба хидмати матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

    Дар конфронс инчунин бонкҳои сармоягузорӣ ва бахши тиҷоратии кишварҳои манфиатдор ширкат варзиданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates