Ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳамлу нақли автомобилӣ масоили ҳамкориро баррасӣ карданд

    Нақлиёт 13 Yanvar 2022 401

    12 январ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади комиссияи муштараки Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баргузор гардид.

    Дар мулоқот, ки таҳти роҳбарии муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Мӯъминов ва муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Саидмуродзода баргузор гардид, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои кишварҳои мо дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо оид ба вазъи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ табодули иттилоот карданд. Онҳо ҳамчунин татбиқи созишномаҳои дар ин самт имзошударо баррасӣ карданд.

    Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои барқарорсозии ҳаракати автобусҳо, ки бар асари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буданд, табодули афкор намуданд.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти вазорати нақлиёт, ҳамчунин дурнамои тавсеаи долони нақлиётии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Чин” низ баррасӣ шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates