Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба нақша гирифтаанд, минтақаро бо оби кӯли Сарез таъмин кунанд

    Ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дурнамои тарҳи истифодаи манбаъҳои оби кӯли Сарезро барои таъмини кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо оби тозаи ошомиданӣ баррасӣ карданд. Имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки фаромарзӣ миёни ду кишвар дар бахши об низ баррасӣ шуданд.

    3 август дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории муштарак оид ба истифодаи маҷмӯӣ аз захираҳои оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар он вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ширкат доштанд.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо барои тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи захираҳои обӣ миёни ду кишвари дӯст дар оянда изҳори итминон карданд.

    Масъалаи истифодаи оби тозаи кӯли Сарез барои эҳтиёҷоти нӯшокии ду кишвар дар ҷараёни сафари давлатии сарвари Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ҳанӯз дар соли 2018 баррасӣ шуда буд. Ҳамон вақт президентҳои ду ҷумҳурӣ ба комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дастур доданд, ки ин имконотро омӯзанд.

    Барои маълумот: Кӯли Сарез дар Помир, дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон дар баландии тақрибан 3,3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дарозии обанбор тақрибан 70 километр, чуқурии максималӣ тақрибан 500 метрро ташкил медиҳад, ки ҳаҷми оби кӯл зиёда аз 17 километри мукаабро ташкил медиҳад. Вай дар натиҷаи фалокатовар баста шудани маҷрои дарёи Бартанг дар соли 1911 ба вуҷуд омадааст.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates