Ӯзбекистон ва Тоҷикистон созмон додани корхонаи муштаракро дар соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла ба нақша гирифтааст

    Ҳайати Тоҷикистон иборат аз намояндагони сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияи нав, корхонаҳои хусусии саноатӣ ва масъулини лоиҳаи дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат ба Ӯзбекистон ташриф оварданд.

    Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба ҳайати кишварҳои Роҳи абрешим шомиланд, ба истеҳсоли пилла, ҳунари бофандагии атласу адрас диққати аввалиндараҷа дода, дар эҳёи ин ҳунарҳои мардумӣ корҳои шоистаеро амалӣ карда истодаанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

    Ҳайати корӣ аз корхонаҳои истеҳсоли атласу адраси Ӯзбекистон дидан карда, масъалаи раванди дастгириҳои давлатӣ, низоми андозбандӣ, бозори фурӯш, раванди истеҳсолот, интихобу истифодаи нақшу нигор дар матоъ ва ҷалби тарроҳон барои пешбурди соҳа ва маҳсулоти тайёр ба базорҳои хориҷи кишварро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

    Меҳмонон нахуст бо роҳбарияти Ассотсиатсияи “Ӯзбекипаксаноат” вохӯрӣ карда, аз қитъаи намунавии боғи тут, намоишгоҳи маҳсулоти ашёи хом ва матоъи тайёр, тарҳи либосҳо дидан намуданд.

    Дар рафти мулоқот раванди таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти кирмакпарварӣ, коркарди пилла, истеҳсоли матоъи абрешим, инчунин мубодилаи таҷрибаи тарроҳон муҳокима шуд.

    Боздиди ҳайати Тоҷикистон то 11 феврал идома ёфта, ташриф ба корхонаю коргоҳҳои шаҳрҳои Тошканд, Марғилон ва Фарғона ба нақша гирифта шудааст.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates