Дар ин хусус Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлис хабар дод.
Раиси Сенат Т.Норбоева Рустами Эмомалиро ба муносибати раиси парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш табрик гуфта, изҳори итминон кард, ки ҳамкориҳои сатҳи баланд ва робитаҳои мустаҳкам миёни мақомоти қонунгузории ду кишвар дар давраи оянда низ таҳким хоҳанд ёфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро, ки дар заминаи эътимоду боварии мутақобила рушду тавсеа меёбад, баррасӣ намуданд.
Имзои Аҳдномаи байни ду кишвар дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ рӯйдоди муҳимми таърихӣ номида шуд.
Нақшаҳои фаъолгардонии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар робита ба ташаккули ҳайати нави парлумонҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро барои баргузории ҷаласаи гурӯҳи дӯстии “Ӯзбекистон – аТоҷикистон”, аз ҷумла дар рӯзномаи масъалаҳои назорати парлумонӣ аз болои иҷрои тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда тасдиқ карданд.
Дар идомаи суҳбат доир ба масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода шуд.









