Дар ҷараёни мулоқот ба ҳайати Ӯзбекистон оид ба таърихи таъсиси IT-Park, самтҳои асосии фаъолияти он, шароити барои ширкатҳои-резидент фароҳам овардашуда, инчунин дар бораи ислоҳотҳои ҷорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Ба масъалаҳои дастгирии ҷавонон ва лоиҳаҳои стартап, тайёр кардани мутахассисони соҳибтахассус дар соҳаи IT, татбиқи ҳалли инноватсионӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар рафти боздид масъалаҳои тақвияти ҳамкории байни IT Park-и Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ташкили барномаҳои муштараки стартап ва инкубатсионӣ, инчунин фароҳам овардани муҳити мусоид барои фаъолияти ширкатҳои IT баррасӣ шуданд.
Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ намуда, таҷриба мубодила кунанд ва барои ҳамкории доимӣ миёни IT Park-и ду кишвар платформаи махсус таъсис диҳанд.








