Ўзбекистон ва Тоҷикистон ҳаракати нақлиёти мусофирбари роҳи оҳанро ба роҳ мемонанд

    Нақлиёт 15 Iyun 2022 3326

    Аз 20 июни соли 2022 қатораи мусофирбари рақами 301/302 дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе ба ҳаракат медарояд.

    Ба иттилои ширкати “Ӯзбекистон темир йулларӣ”, қатора ҳар ҳафта аз Душанбе рӯзҳои душанбе ба роҳ мебарояд, рӯзи сешанбе соати 13:43 ба Тошканд мерасад.

    Аз Тошканд ҳар ҳафта рӯзи сешанбе соати 16:15 ба роҳ мебарояд, рӯзи чоршанбе вориди Душанбе мешавад.

    Барои маълумот: масофа аз Тошканд то Душанбе бо роҳи оҳан 916 километрро ташкил медиҳад. Қатора дар роҳ 21 соат қарор мегирад. Қатораи мусофирбари № 301/302 хатсайри «Душанбе — Тошканд — Душанбе» аз 10 вагон: 4 купе, 5 пласкартӣ ва як вагон-тарабхона иборат аст.

    Нархи билет бо назардошти тахфиф вобаста ба мухлати фуруш аз 381 476 сӯм сар мешавад. Онҳоро метавон дар кассаҳои роҳи оҳан ё аз сайти www.chipta.railway.uz ва www.e-ticket.railway.uz харид кард.

    ЭЗОҲ: Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба рақами кӯтоҳи 1005 (бюрои маълумотҳои пойтахт) ва инчунин рақамҳои телефонҳои маълумотҳои минтақавӣ занг занед.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates