Ӯзбекистон ва Бритониё дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд

    Дар Сафорати Ӯзбекистон мулоқоти директори Агентии муҳоҷират назди Девони Вазирон Бехзод Мусаев бо директори Идораи назорати риояи қонунгузории меҳнат ва муқовимат ба истисмор (Gangmasters and Labour Abuse Authority – GLAA) Элиза Маккаффри баргузор гардид.

    GLAA мақомоти давлатии Бритониё мебошад, ки ба фаъолияти агентҳои хусусии шуғл ва ҷалби қувваи корӣ, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ иҷозатнома медиҳад, инчунин назорати риояи қонунгузории меҳнат ва беҳтарсозии шароити корро амалӣ месозад. Вазифаи асосии ин сохтор пешгирии истисмори коргарон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо мебошад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар рафти музокирот ҷонибҳо оид ба дурнамои баровардани ҳамкории ӯзбеку бритониёӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба сатҳи нав мубодилаи назар намуда, ба як қатор мувофиқаҳо ноил шуданд.

    Дар натиҷаи мулоқот байни Агентии муҳоҷират ва GLAA ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

    Ҳуҷҷат ба танзими раванди ҷалби қувваи корӣ аз Ӯзбекистон ба Бритониё, зиёд намудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ба таъсиси механизмҳои иловагӣ барои ҳимояи самарабахши ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони мо, ки дар қаламрави ин кишвар фаъолият мекунанд, равона шудааст.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates