Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон бо БОР ва БОСИ ҳамкории муштаракро оид ба долони энергетикии «сабз» оғоз мекунанд

    Энергетика 7 Aprel 2025 1160

    Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ) ва Бонки осиёии рушд (БОР) ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки ҳадафи он мусоидат ба рушди долони энергетикии «сабз»-и Каспий мебошад.

    Тибқи маълумоти хабаргузории «Синхуа», ҳуҷҷат дар шаҳри Боку дар чорчӯби ҷаласаи 11-уми вазирони Шӯрои машваратии Долони гази ҷанубӣ ва ҷаласаи 3-юми вазирони Шӯрои машваратӣ оид ба энергетикаи "сабз" ба имзо расидааст, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    «Мо лоиҳаи рушди хатти интиқоли барқи «сабз» миёни Озарбойҷон, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро амалӣ мекунем. Имрӯз Бонки осиёии рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ барои маблағгузории ин лоиҳа 2 миллион доллар ҷудо карданд», - изҳор дошт вазири энергетикаи Озарбойҷон Парвиз Шаҳбозов.

    Гуфта мешавад, ки ёддошти тафоҳум ҳамкориро дар таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа пешбинӣ мекунад. Ҳадафи он пайвастани низомҳои энергетикии се кишвар ва таъмин намудани содироти нерӯи барқи «сабз» ба Аврупо мебошад.

    «Долони энергетикии сабзи Каспий идомаи созишномаи шарикии стратегӣ дар соҳаи рушди истеҳсол ва интиқоли энергияи «сабз» мебошад, ки моҳи ноябри соли гузашта дар конфронси иқлимии COP-29 аз ҷониби Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ба имзо расида буд», — гуфта мешавад дар хабар.

    No date selected
    May 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates