Ӯзбекистон васл кардани автомобилҳои «UzAuto Motors»-ро дар Туркманистон  нақша гирифтааст

    Нақлиёт 6 Oktabr 2021 1080

    Дар доираи форуми Ӯзбекистон-Туркманистон, ки 4 октябри соли 2021 дар Тошканд баргузор шуд, меморандум оид ба ташкил намудани истеҳсоли техникаи автомобилӣ, кишоварзӣ ва прицепҳо дар қаламрави Туркманистон ба имзо расид. Дар доираи Меморандум ҷонибҳо ният доранд, ки кооператсияи саноатии ду кишварро ривоҷ  диҳанд.

    Дар маросими имзои Меморандум Раиси раёсати ҶС "Узавтосаноат" Шавкат Умурзоқов ва Раиси раёсати ҶС "Туркманистон-Моторс" Фурқат Айдашев иштирок карданд.

    Ҷониби Туркманистон ба саноати мошинсозии Ӯзбекистон баҳои баланд дод ва ҷонибҳо ба омӯхтани имконоти ташкили истеҳсоли мошинҳо дар Ҷумҳурии Туркманистон изҳори ҳавасмандӣ карданд. Дар доираи меморандуми мазкур минбаъд ба имзо расондани созишнома оид ба истеҳсоли автомобилҳои ҶС «UzAuto Motors» дар иқтидорҳои истеҳсолии ҶСК «Туркманистон-Моторс» ба нақша гирифта шудааст. Ҳамкорӣ дар ин самт инчунин ташкили истеҳсоли ҷузъҳои мошин дар Туркманистон ва ба бозорҳои содиротӣ баровардани онро дар назар дорад.

    Ғайр аз ин, созишнома дар бораи ба роҳ мондани истеҳсоли дигар воистаҳои нақлиёти автомобилӣ (пикапҳо, мошинҳои боркаш ва автобусҳо), техникаи кишоварзӣ ва пирсепҳо, ки ба таркиби ҶС “Ӯзавтосаноат” дохил мешаванд, ба даст омад.

    Татбиқи ин самт ба ҷониби Туркманистон имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд, ҳиссаи саноатро дар сохтори ММД зиёд гардонанд, ба бозорҳои содиротӣ ворид шаванд, инчунин аҳолиро бо мошинҳои дорои сифати байналмилалӣ таъмин кунанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти “Узавтосаноат”.

    Тарафҳо дар рушд ва тавсеаи равобити тиҷорати байнидавлатӣ, аз ҷумла дар соҳаи мошинсозӣ манфиатҳо ва ҳадафҳои муштарак доранд. То имрӯз, "Узавтосаноат" аллакай ба Ҷумҳурии Туркманистон мошинҳои автомобилӣ ва тиҷоратӣ содир мекунад, ки ин сабаби таваҷҷӯҳ ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва омодагӣ ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи муштарак шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates