Ўзбекистон девораи худро дар намоишгоҳи ATM-2022 дар Дубай муаррифӣ кард

    Сайёҳӣ 10 May 2022 1526

    9 май дар Дубай (АМА) намоишгоҳи бузурги сайёҳии "Arabian Travel Market" кушода шуд. Ўзбекистон ҳам ба тарзи анъанавӣ дар чорабинии мазкури байналмилалӣ девораи ягонаи миллиашро муаррифӣ кард.

    Девораи Ўзбекистон аз ҷониби ПР-маркази миллии назди Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мусоидати ҶС "Uzbekistan Airways" ташкил карда шуд.

    Панҷ ширкати Ӯзбекистон иқтидори сайёҳии кишварро муаррифӣ карданд, аз ҷумла бузургтарин ширкатҳои сайёҳӣ: "Sanat Travel Experts", "Sogda Tour", курорти лижаронии "Amirsoy Resort", меҳмонхонаҳои "Hyatt Regency Tashkent", "Begim Perfumes".

    "Arabian Travel Market" пешбар дар бозори воқеаҳои байналмилалӣ дар соҳаи саёҳат ва сайёҳӣ мебошад, ки потенсиали тиҷориро дар Ховари Миёна барои мутахассисони сайёҳии воридотӣ ва берунӣ боз мекунад. Соли гузашта бори аввал баъд аз пандемия намоишгоҳ дар шакли гибрид баргузор гардид, ки дар он Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар намоишгоҳ бо девораи алоҳида ягона буд.

    Имсол намоишгоҳи ATM-2022 низ дар ду шакл аз 9 то 12 май дар формати офлайн ва баъдан аз 17 то 18 май дар формати онлайн баргузор мешавад.

    Мавзӯи асосии ATM-2022 «Ояндаи саёҳат ва сайёҳии байналмилалӣ» мебошад, ки дар он намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ тамоюлҳои нав, имкониятҳои рушд, навоварӣ ва албатта, барқароршавии самарабахшро баъд аз пандемия меомӯзанд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates