Ӯзбекистон дар Конфронси байналмилалии нақлиётии кишварҳои мутараққие, ки ба баҳр роҳ надоранд, иштирок мекунад

    Нақлиёт 9 Avgust 2022 929

    15-16 августи соли 2022 дар шаҳри Туркманбошӣ Конфронси нақлиётии кишварҳои мутараққие, ки ба баҳр роҳ надоранд, баргузор мегардад, ки бо ибтикори Туркманистон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ташкил карда мешавад.

    Иштирок дар форумро ҳайатҳои беш аз 30 давлат, роҳбарони беш аз 30 созмони байналмилалӣ ва махсусгардонидашуда, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҷаҳонии гумрук, Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ, Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ, ТРАСЕКА ва дигарон, як қатор бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ тасдиқ карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон.

    Тавре маълум аст, Туркманистон яке аз ташаббускорони муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои нақлиёт дар сатҳи СММ мебошад. Соли 2016 дар пойтахти Туркманистон Конфронси якуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор баргузор гардид. Туркманистон ҳамчунин ташаббускори қатъномаҳои Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои нақлиёти устувор ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт буд, ки дар солҳои 2014, 2015, 2017 ва 2021 бо консенсус қабул шудаанд.

    Анҷумани дарпешистода дар шаҳри Туркманбошӣ яке аз марҳилаҳои калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои дар ҳоли рушд, ки ба баҳр роҳ надошта, барои соли 2024 пешбинӣ шудааст, маҳсуб мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates