Дар маросим президенти Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии кикбоксинг Рой Бейкер, президенти ARISF (Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзишӣ, ки аз ҷониби ХОҚ эътироф шудааст) Рафаэл Кюлли, вазири варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адҳам Икромов, Котиби генералии КМО Ойбек Қосимов, президенти Ассотсиатсияи кикбоксингҳои Ӯзбекистон Асадҷон Хоҷаев, инчунин роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи минтақаҳо иштирок доштанд.
Нотиқон дар маросим суханронӣ карда, сатҳаи баланди таваҷҷуҳ ба варзиш дар кишварамонро махсусан қайд намуданд. Далели равшани ин дар Ӯзбекистон ташкил шудани стартҳои бонуфуз аст. Илова бар ин, қайд гардид, ки натиҷаи таърихие, ки варзишгарони Ӯзбекистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ба даст овардаанд, мисоли равшани аҳамият ба варзиш дар кишвари мост. Дар Ҷоми ҷаҳонӣ, ки то 29 сентябр идома мекунад, 1200 варзишгар аз 53 кишвар ширкат доранд.